БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО МУҲОҶИРОН

Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хадамоти муҳоҷирати меҳнатии ноҳия вохӯрии судманд бо муҳоҷирони  Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ корманди ҳизбӣ Алиев Зафар ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ дар ноҳия Насриддинов Аҳтам иштирок дошта, оид ба ҳадафҳои ҲХДТ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ суҳбат намуданд.

Зимни суҳбат масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия қайд намуданд, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлатиро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандории ҳар фарди бедордили ҷомеа мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg