АНДЕША. Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз ҷузъи таркибии рушдёфтаи интернет ба ҳисоб меравад ва маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду хатарҳои муосири геопалитикӣ зуҳур намуда истодаанд.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол шабакаҳои иҷтимоӣ байни корбарони интернет маҳбубияти бештар пайдо мекунанд. Дар замони имрӯза одамон кӯшиш мекунанд бо паҳн намудани мавзӯҳои диққатангез ё дурӯғҳои бофтаашон қисмати корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб намоянд, зеро барои маблағ ба даст овардан , яке аз талаботҳои шабакаҳои интернетӣ махсусан You Tube ё Instagram дар он аст, ки маводи нашрнамудаи блогер тамошобини зиёд дошта бошад.
Яке аз чунин тафриқаандоз ва бадхоҳи давлату миллат Муҳаммадиқболи Садриддин пешбарандаи барномаҳои шабакаи ифротии «Isloh.net» мебошад, ки бо пахши маводҳои муғризонаи таҳиянамудаи хоҷагони хориҷиаш мехоҳад, худро «ғамхор»-и миллат нишон диҳад. М. Садриддин воқеан як шахси иғвоангез, беномус ва ҳангомаҷӯй мебошад. Айни ҳол дар хориҷи кишвар зиндагии сагонаро мегузаронад. Ӯ зери дастури роҳбарони хориҷиаш аз пеши худ ҳар гуна суханҳои бардурӯғ гуфта миёни мардум сару садоҳоро баланд карда истодааст. М. Садриддин худ дар оилаи ифротӣ ба дунё омадааст. Падари ин хоин яке аз муассисони ҳизби террористии Наҳзати Ислом буд. Ҳама хурду бузурги кишвар дар филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» аз душвортарбия ва бозичаи дасти дигарон будани ӯ бохабар гаштаанд.
Мутаассифона, имрӯзҳо ин гуна афроди бадхоҳу фурӯхташуда, дилсиёҳу бадтинатон дар ҷамъият зиёд ба назар мерасад, ки умри кӯтоҳе доранд.Бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ ҳанӯз ҳам ҳастанд бадхоҳони миллат, ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашӯров ва якчанд нафари дигар, ки дини мардумро бар зидди мардум истифода бурдан мехоҳанд ва тавре тарғиб мекунанд, ки бо сӯистифода аз дин мардумро зидди давлату зидди ҳамдигар мешӯронанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд донанд, ки М. Садриддин, М. Кабирӣ, А. Ҳусейн аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд. Ин хоинони ватанфурӯш, молпарастони наҳзатӣ, бенангу бонус ва дурӯғгуву иғвоангез имрӯзҳо аз барои нафси бади худ мехоҳанд мардумро гумроҳ кунанду ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Аммо сокинони ин сарзамини аҷдодӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, дар зери сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодагарӣ намуда, шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором ва озоду сохибистиқлол менамоянд. Ба насли имрӯзаву оянда чеҳраи аслии ин хоинони миллатро нишон медиҳад ва намегузоранд, ки ин нохалафон даъвои давлатдорӣ намоянд.
Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Вахш