ЁВОН. Яке аз иқдомҳои наҷибе, ба ифтихори 30 солагии истиқлолияти давлати, ки ҲХДТ гирифт ин баргузории мусобиқаи футболи хурд баҳри дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки имрӯз миёни ҷавонони ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёд пайдо намудааст.
Саннаи 10 августи соли равон мусобиқаи ноҳиявии футболи хурд миёни деҳаву маҳаллаҳо ба даври ниҳоии худ раси. Дар даври ниҳоӣ ду дастаи беҳтарин дастаи Дастгираки деҳаи Дастгирак ва дастаи Чироғчии деҳаи Чироғчӣ байни ҳам рақобат намуданд. Бози мийни ин ду даста бо як завқи зиёд ва омодагии хуб ҷараён гирифт. Дар ниҳоят футболбозони деҳаи Чироғчӣ тавонистанд, ки рақибони худро бо ҳисоби калони 9 бар 5 шикаст доданд.
Пас аз фарҷоми бози ғолибони ҷойҳои якум ва дуюм бо ҷом, медал ва дипломҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.