КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита дар маҳал эълон гардидааст, дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияро оид ба барномаҳои ҳизбӣ ва огоҳ намудан аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ошно гардонида истодаанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён зимни вохӯрӣ дар маҳаллаи Хурсандӣ 1, ки воқеъ дар ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ҷойгир шудааст, суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.
Ҳамзамон зимни суҳбату вохурӣ кормандон доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти Ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ, истифода аз захираҳои бойи маънавии таърихии миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ равона карда истодаанд.
Ҳамчунин зимни баргузории вохӯрӣ ба иштирокчиён маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуданд.