БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ВАРЗИШ ВА ОММАВИГАРДОНИИ ОН ДАР МАҲАЛ

ҲАМАДОНӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишии ноҳия” ба муносибати сазовор  пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шашкаро байни ҷавонони синну соли аз 8 то 16 сола гузаронид.

Байни писарон ҷойҳои ифтихорӣ насиби Раҳимов Иброҳим, Фирӯзи Наврӯз, Ҳаитов Исмоил ва байни духтарон Лоларухи Абдусаттор, Шукронаи Баҳодур ва Меҳрафрӯзи Орзу гардид. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Хотиррасон бояд кард, ки ҳамаи ғолибони мусобиқаи шашка номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурӣ буда, шогирдони мураббии мактаби варзишии ноҳия Каримов Баҳодур мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg