ТЕМУРМАЛИК. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва намояндаи Ҷамоати шаҳрак дар маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд бо усули “Хона ба хона” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии дубораи бемории COVID – 19 ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем.
Ҳамзамон, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинон ниқобҳои тиббӣ дастрас карда шуд.