БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ МАРДУМ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА СУЛҲУ ОРОМӢ БОЛОТАР АЗ ҲАНГОМАҲОИ БАДХОҲОН МЕБОШАД!

ВОКУНИШ. Хатари ҷиддие, ки инсоният дар асри 21 ба он рӯ ба рӯ шудааст,  терроризм ва экстремизм буда, он на раҳму на шавқату на инсоният  дорад. Як гурӯҳ одамони манқурт ташкилотҳои террористиро ташкил намуда, барои иҷро намудани ҳадафҳои нопоки худ машғули амалҳои ифротию террористӣ мешаванд.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Ҳамин гуна гурӯҳи авбошони мардумфиреб сараввал дар дохили кишвар низоъҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки бо амалҳои даҳшатбор анҷомид, ташкил намуд. Бо ин кирдорҳояшон ҳам номи ҳизби наҳзатро бадном карданду ҳам худ аз ҳама чиз маҳрум гаштанд.

Аслан қурбони терроризм ҷавонон мешаванд. Бо мағзшӯӣ намудани онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, бо маблағҳои калон барои иҷрои корҳои амалиашон, яъне ҷиноят равона мешаванд.

Агар ба таърихчаи сиёҳи наҳзатиён назар кунем, фаъолияташон нахуст ҳамчун “мусичаи бегуноҳ” аз мағзшӯии ҷавонони ноогоҳ оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид.

Ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат таҷрибаҳои  зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз ин қаллобон дар ҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва коргардони ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон мебошанд. Мақсади ягонаашон бошад, ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.

Ҷавонон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, хеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони кишвар аз шумо ва чунин иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, ки манфиатҳои хоҷагон ва хориҷиёнро пуштибонӣ менамоянд, худро дур гирифта, барои шомил нашудани ҷавонони дигар минтақаҳои мамлакат ва таъмини амнияти кишвар кӯшиш хоҳанд кард.

Мо ҷавонони тоҷик пуштибони сулҳу субот, ҳимоятгари мероси ниёгон ва муҳофизони дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон ҳастем.

Маҳз Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлол ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар ҷаҳон соҳибтамаддун шинохта мешавад.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg