НОРАК. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷаласа бар гузор гардид. Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо ва раисони деҳаю маҳаллаҳои шаҳр иштирок дошта, Гулмуродзода Қумриниссо дар баромади хеш қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандиву ватандӯстӣ, ҳомии ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ ва соҳиби илму ҳунар ва касбу пешаҳои муфид шудани онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандиву инсонии онҳоро кафолат медиҳад.
Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир омилҳои хатарноку фаромилие вуҷуд доранд, ки дар сурати муборизаи муташаккилона зидди онҳо, метавонанд ҷавонон, ин қувваи бузургро аз шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ берун кашида, онҳоро ба қувваҳои зиёнкори аҳриманӣ бипайванданд. Ҳамчунин дар фарҷом филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба аҳли толор нишон дода шуд.