БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНДУРУСТӢ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ МУҲИМТАРИНИ ИҶТИМОИСТ

ЛЕВАКАНТ. Кормандони масъули ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, директори Маркази  мубориза бар зидди  ВНМО Шарипов Қурбоналӣ ва раиси маҳаллаи Тоҷирон Асоев Аваз аз вазъи беморхонаи қаламрави ҷамоати деҳоти Гулистон бозбинӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то ба 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст. Бинобар ин, вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ватандӯст он аст, ки якҷоя бо кормандони соҳаи тандурустӣ, барои гирифтани пеши роҳи бемориҳои сироятӣ, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошем.

Мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир накарда, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg