ЁВОН. Бахшда ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат суҳбату вохӯриҳо бо иштирокчиёни мусобиқаи футболи хурд баргузор карда шуд. Дар рафти баргузории вохӯриҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти суҳбат варзишгарон аз деҳаҳои Дастгирак ва Чироғчӣ иштирок доштанд. Аз ҷониби баромадкунандагон иброз гардид, ки имсол барои миллати тоҷик соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда мебошад. Миллати тоҷик имсол яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Бинобар ин моро зарур аст, ки ин ҷашни муқаддасро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирем.