БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР МЕКУНЕМ!

АНДЕША.  Истиқлолият неъматест бебаҳо барои халқи азияткашидаи тоҷик. Ин неъмати бузург ба мардуми тоҷик нерую қувваи бузург, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро овард.

Бояд ёдовар шуд ва шукр бояд кард, ки истиқлолиятро барои мо марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шабзиндадорию заҳматҳои беназирашон муҳайё гардониданд.

Мутаассифона, як қатор шахсони бадхоҳ ин истиқлолияти кишварро дида, тоқат карда натавониста, байни мардум иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркушро ташкил карданд, халқро дарбадар, роҳгум ва мавзеҳоро ба харобазор табдил доданд, аммо охир ба мақсадҳои шумашон нарасиданд.  Зеро Сарвари давлат нагузоштанд, ки як тори мӯе аз сари халқи тоҷик канда гардад ва баҳри озодию ободии сокинони кишвар  ҷонбозию талошҳо ҳам намуданд ва дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба сарзамини ободу зебо, шуҳратманд ва шинохта табдил ёфт.

Акнун, халқи тоҷик бо роҳнамоиву дастгириҳои Роҳбари давлатамон, бо як ҷаҳон умеду орзуҳо ва боварии том  роҳи дурахшони хешро дарёфтанд ва дубора ба он рӯзҳои наҳсу шуми ҷанг дучор нахоҳанд гашт.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg