БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

...ҲАР КИ НА ХАР АСТ, ЧОПЛУСАШ МЕХОНАНД!!!

ВОКУНИШ. Дар барномаҳои бофтаву сохтаи дурӯғини афроди харидашуда ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳусейн Ашуров, Салмон Холиқов ва якчандтои дигар, ки имрӯз мисли филми туркӣ пай дар пай бо мақсади ноором кардани вазъи кунунии Тоҷикистон нашр мешаванд, метавон фақат як чизро муълум намуд. Ҳар нафаре, ки аз ҳақиқат, дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ва дигар пешравиҳои рӯзмараи Тоҷикистон сухан мегӯяд, ин афроди содиқ ба хоҷагони хориҷӣ онро “чоплус” меноманд. Шояд ин калимаро аз хоҷагонашон шунида бошанд, ки пайваста зикраш мекунанд. Он бофтаҳое, ки пайваста дар ҳаққи роҳбари давлат ва дигар шахсони обруманди Тоҷикистон мезананд, танҳо ба  хотири ҷалби бештари мардум ба барномаҳо ва ба даст овардани фоидае аз саҳифаашон, бар ин васила иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон асту бас. Дар яке аз барномаи  аъзои гурӯҳи экстремистӣ “Гурӯҳи-24”, “Ҳақ ва ботил” баҳси ровии ин барнома Ҳусейн Ашӯров бо бародараш Раҳматулло Ашӯров тамошо карда, дар хоиниву роҳгумзадагии ӯ қоил гардидам. Ҳарчанд Раҳматулло Ашӯров ба ин бародари гумроҳаш мефаҳмонад, ки кори ту хатост, аммо ҷаҳолат пеши чашмони ин саги бовафои зархаридро гирифтаву манфиати шахсиро ҳатто аз падар ва тамоми наздикон боло мондааст. Зимни гуфтугӯ бо бародараш маълум мегардад, ки барои ӯ ҳеҷ як  нафар, на  модар, на падар на бародар заррае қадр надорад ва ин роҳи  интихобкардааш барои ӯ роҳи ҷаннат аст. Албатта роҳе, ки туҳмат аст, роҳе ки ояндааш торикист, роҳе ки мардумро ба нооромию хунрезӣ мекашад, барои Ҳусейн Ашӯров ва ҳаммаслаконаш роҳи ҳақ аст, зеро онҳо ақли худашонро фиреб дода истодаанд ва намехоҳанд, ҳақиқатро шунаванд. Ин афрод нодонҳоеанд, ки аз ҷаҳл худро донои ҷаҳон мешуморанд, зеро чашми ҳақбини онҳоро танҳо буғзу ҳасад пӯшонидааст. Худ аз ҳадису аз ислом истифода менамоянд, барномаро бо номи поки яздон шуруъ мекунанд, аммо давом ҳама ғайбат, туҳмату ифрот мезананду ҳеҷ як рукни исломро баҷо намеоранд. Дар ҳақиқат ашки Раҳматулло Ашӯров барои бародари гумроҳаш дили ҳар як шахси соҳибақлро реш месозад, аммо  ин дастпарвари хориҷӣ бо кинаи ботиниаш бародарашро як чоплус, тамаллуқкор ва ҳеҷ кас шумориду буғз гулӯгираш кард. Чунончи маълум гардид, ҳатто падаре, ки имрӯз таги хок асту руҳаш ба дуо ниёз дорад, аз пушти ин фарзанди нохалаф натавонист, ором бихобад. Аз касе, ки падараш аз қабр хезаду гӯяд, фарзандам ин роҳат хатост, аз ин роҳат баргард, аммо фарзанд аз амри падар сар кашад, оё беҳбудиро интизор шудан имкон дорад? Оё чоплус нест ин нафар?, албатта  чоплус, тамаллуқкор, хушомадгӯй  чунин нафаре  аст, ки амри падар ва тамоми  ҳақбин  барояш ҳеҷ аст . Ва бо ин ҳеҷ буданҳо галлаи хареро шабоҳат медиҳанд, ки ҳаркасе бо онҳо нест, онро чоплус меноманд. Барои Ҳусейн Ашӯров ва ҳампешагонаш чи ҳақ гуфтааст шоир:    

Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

Худойдод Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва итилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg