БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲ БА СӮИ МАКТАБ

А.ҶОМӢ.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои рохбарияти олии ҲХДТ, бахшида ба оғози  соли  нави таҳсили  солҳои 2021-2022  Аксияи  ҳизбӣ-хайриявӣ  таҳти  унвони  “Роҳ  ба сӯи мактаб”-ро амалӣ менамояд.

Бо ин максад,  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба фароҳамсозии шароит ва ҳалли мушкилоти табақаҳои камбизоати ҷомеа, аз ҷумла ятимон, бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат  ҷиҳати таъмини либос ва дигар лавозимоти  мактабӣ  дар оғози соли нави хониши 2021-2022, мувофиқи имконияти молиявии худ ва ҷалби вакилони ҳизбӣ, фаъолони ташкилотҳои ҳизбии ноҳия  ба  икдомҳои хайриявӣ   оғоз намуд.

Бояд қайд намуд,ки дар амалишавии ин икдом аз маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия  толибилмони зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки имкониятҳои  махдуди молиявӣ доранд, фаро гирифта  шуда, аз  чониби  Кумитаи ичроия ба  онҳо сару либоси ягонаи мактабӣ,  ҷузвдон, қаламу дафтар ва дигар лавозимоти  мактабӣ такдим карда мешавад, яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg