БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАВРАҲОИ ПЕШ АЗ ФИНАЛИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ҲХДТ

А.ҶОМӢ. Имрӯзҳо давраҳои ниҳоии мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ, бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври маҳаллӣ (байни деҳаҳо)  бо маром идома дошта, қариб,ки ҳама рӯза бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар варзишгоҳҳои ноҳия баргузор шуда истодааст.

Воқеан ҳам варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат, саҳнаи нангу номус ва таъмини тарзи ҳаёти солим буда, бо ин восита низ дӯстии байни сокинон, алалхусус ҷавонони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тақвият бахшида мешавад.

Дар бозии байни дастаҳои маҳаллаҳои “Чашмасор” ва “Қулсанг” футболбозони ҳар ду дастаҳо хело ҳам маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ба дарвозаи якдигар 7 туб ворид намуданд,ки дар натиҷаи ҷамъбастӣ бо ҳисоби 4 бар 3 дастаи “Чашмасор” ғолиб гардида, ба финали мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ роҳхат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg