БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БОЯД БА МУШКИЛОТИ ЭҲТИМОЛӢ ОМОДА БОШЕМ

Н.ХУСРАВ.  Масъулини  Кумитаи  иҷроия  бо мақсади баргузории  мулоқоту  суҳбатҳо бо  усули  «Хона  ба  хона»  ҷиҳати    афзоиш  додани истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, истифодаи  самараноки обу  замин дар  асоси дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, дар  мулоқоташон  бо фаъолони  вилояти  Хатлон ҳафтае  ду  маротиба  рӯзҳои  сешанбе ва панҷшанбе  ба деҳаҳои  ҷамоатҳои  деҳот рафта, истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигии  сокинонро  дида  баромада истодаанд.

Ин  навбат  масъулин  аз  хонаҳои  сокинони деҳаи Ҳамро Олимови   Ҷамоати  деҳоти Истиқлол дидан  намуда, истифодаи  самараноки  заминҳои  наздиҳавлигӣ, захираи маводи  хӯрокаро  дида  баромаданд.   Бо назардошти  вазъи  мураккаби  ҷаҳони  имрӯза аз ҳар  як  нафар даъват  ба амал  оварда шуд, ки корро  тавре  ба  роҳ  монанд, ки ба  ҳар  гуна мушкилоти  эҳтимолӣ омода  бошанд. Аз  ин  хотир  аз  замину  об  самаранок  исифода  бурда,ҷамъоварӣ  ва  захираи  маводи  хӯрокаро  афзун  намуда,  аҳли  оилаи  худро аз  норасогии  маводи  ғизои  танқисӣ   ва  муҳтоҷӣ  эмин  нигоҳ дошта, дар  таъмини  бозори  истеъмолӣ  ҳиссаи  худро  гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg