БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдати миллӣ – омили иттиҳоду ягонагӣ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолии шаҳрӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолии шаҳрӣ” Каримова Махфират иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Валиева Саъбагул ба сухан баромада, қайд кард, ки имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Зеро роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири ба даст овардани Ваҳдати миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд. Яъне Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рўзгори мардуми кишвар аз он сарчашма мегирад ва моро зарур аст ин ҷашни таърихии миллатро дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ истиқбол гирем.

Каримова Махфират дар баромади хеш қайд дошт, ки танҳо Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад. Дар ин росто бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони ояндасози мо аз миллату давлати хеш ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ-иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллӣ яъне Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg