Н.ХУСРАВ. Ба соли хониши нав омода кардани муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи мактабҳои ноҳия корҳои таъмиру тармими синфхонаҳо ва қисми берунии биноҳо баргузор гардида, аз таъмир бароварда шуданд.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 як ошёна буда, ҳамчун муассисаи замонавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта ба истифода дода шуд. Муассисаи номбурда иборат аз 6 синфхона ва утоқи компютерӣ, утоқи директору омӯзгорон иборат мебошад. Соли ҷорӣ бо дастгирии волидайн ва шахсони саховатпеша бинои муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар маҷмӯъ ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия таъмиру тармим карда шуда, ба соли нави таҳсил пурра тайёр мебошанд.
Бо инобати норасогии синфхонаҳо бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст, сокини деҳаи Муъминобод Ҷӯраев Алишер барои сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ таҳкурсӣ рехта шуда, бо дастгирии волидайну шахсони саховатпеша ин синфхонаҳо то саршавии соли хониши оянда сохта ба истифода дода мешавад.