Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроия бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрияшон бо фаъолони вилояти Хатлон бо усули «Хона ба хона» бо сокинон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
Ин навбат намояндагони ҳизбӣ аз кору зиндагии сокинони деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Истиқлол дидан намуда, вобаста ба ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти аслии он дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, бахшида ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа анлдешаронӣ карданд.
Дар суҳбат қайд карда шуд, ки Пешвои миллат аз дастовардҳои кишвар дар самти истиқлолияти озуқаворӣ ва бунёди иқтидорҳои нав дар соҳа қайд намуданд, ки баланд бардоштани маърифати оқилонаву сариштакоронаи истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз як замин се ҳосил гирифтан ва захираи дусолаи маводи хӯрока вазифаи ҳар як сокини бо нангу ори кишварамон мебошад.