БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ «РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН» ДАР НОҲИЯ

Н.ХУСРАВ.  Санаи 10  август бахшида  ба  таҷлили  рӯзи  варзишгарон дар  ноҳия бо  иштироки  васеи  ҷавонону  наврасон  ва  варзишгарони ноҳия ҷамъомади  калони  тантанавӣ   баргузор  гардид.  Дар  ҷамъомади тантанавӣ раиси  ноҳияи Носири  Хусрав  Нишонзода  Д.Н., муовини соҳавии  раиси  ноҳия, раиси  Кумитаи  иҷроия дар  ноҳия  Ализода  С. Ҷ иштирок   доштанд.

   Ҷамъомади  тантанваиро мудири  бахши  ҷавонон  ва  варзиши  ноҳия  кушода  сухани  табрикотиро  ба  раиси  ноҳия  дод.  Дар  табрикоти  худ  раиси  ноҳия  аз  дастовардҳои  варзишгарони  ноҳия  ёдовар  шуда  барои  ривоҷу равнақи  варзиш ва  ба  варзиш  ҷалб  намудани  ҷавонону  наврасон  пешниҳодҳо  намуда  ба  як  қатор  варзишгарони  дар  мусобиқаҳои   ҷумҳуриявӣ  ва  байналмилалӣ  иштирок  ва  ҷойҳои   ифтихориро  ишғол карда буданд  бо  тӯҳфаҳою сипосномаҳо  сарфароз  гардонида  шуданд.

   Байни  дастаҳои  варзиши  ноҳия бозиҳои  варзишӣ  баргузор гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg