Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳама ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳашари дастаҷамъона баргузор гардида истодаанд.
Дар ин раванд бо ташаббус ва фарогирии аъзои фаъоли ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Меҳргон” дар деҳаи Ленингради Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тоза намудани атрофи ташкилот ва гузаргоҳҳо тариқи ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.