БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МО СОҲИБВАТАНОН АСТ!

ВОКУНИШ. Имрӯз ҷаҳони муосир  ба мушкилоти  зиёде рӯ ба рӯ аст, ки аз ҳама хатарноктаринаш терроризм мебошад. Хусусан шакли байналмилалии терроризм яъне терроризме, ки ба тамоми миллатҳо ва амнияти инсоният таҳдид мекунад. Имрӯз терроризми байналмилалиро қабои динӣ пӯшонда, онро бо ибораҳои терроризми динӣ ё терроризми мазҳабӣ низ ёдовар мешаванд. Ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ оламро дар ваҳшоният қарор дода, аҳолии осоиштаро кушта, кишварҳоро харобу ғapқи хун кардаанд. Аламовар он аст, ки барои амалӣ кардани ғаразҳояшон гурӯҳҳои террористӣ аз неруи ҷавонони кишварҳо истифода мебаранд. Ҷавонон ҳам ба гуфтаҳои ашхоси алоҳида гӯш дода, бидуни таҳлилу идрок аз пайи онҳо мераванд ва умре сарсон мегарданд. Бадтар аз ин ҳам ба ҷони худ ҷабр мекунанду ҳам аҳли оилаи худро дар ғаму андўҳ мешинонанд.

Порае аз баҳси Муҳиддин Кабириро, ки онро пайравонаш қисм – қисм шарҳ додаву дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ намоиш дода истодаанд, хондаму нафратам ба Кабирию паймону пайравонаш дучанд гашт.

Акнун, роҳбари ҳизби ифротии мамнуъгашта мисли шайтон худашро боз ба дигар сурат кардаву аз пайи амалҳои иблисонаи худ шудааст. Бо он намоиш бешармона ва беномусонаи ту Кабирӣ нафрату лаънати мардуми кишварамон дар сарат чун барфу борон рехт.   Мардум ҳеҷ гоҳ ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва  табаддулотҳои давлатии пай дар пай, ки аз сӯйи  ТЭТ ҲНИ  бо мақсади вайрон кардани сохти Конститутсионӣ роҳандозӣ шуда буд, фаромӯш накардааст.

Ҳоло ТЭТ ҲНИ  ягона роҳи зинда мондани худро дар фитнаву ғавғо медонад ва аз ин рӯ, роҳбарони он ҳатто зану кӯдаконашонро ҳам ҷалб карда, ҷо-ҷо садо мебароранд.   Аз симои аслии ин гурӯҳи ифротӣ ҳамаи мардум огоҳ гаштанд ва ҳеҷ кас дигар ба ин гурӯҳи террористӣ бовар надоранд. Дар ин гурӯҳ як мушт қотил, хоин ва ватанфурӯш фаъолият мекунанд, ки ҳама кори худро тибқи нишондоди хоҷагони хориҷиашон иҷро мекунанд.

Имрўз Тоҷикистон ба қатори давлатҳои зеботарин ва пешрафта табдил ёфтааст. Ҳоло кулли мардуми ин сарзамин бо дилу дасти пок барои истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон  бо заҳмати ҳалол таёрӣ дида истодаанд,  ки ту ва ту баринҳо ин муваффақиятҳои беназири давлат ва миллатро дидан намехоҳед.

Аз ин лиҳоз, ҳамватанони азиз, ТЭТ ҲНИ дар кишварҳои ҷангзада бо терроризми байналмилалӣ бо сад роҳу восита иртибот дорад. Ҳатто худи Кабирии беимон барои амалӣ кардани нақшаҳои террористиаш баҳри ба даст овардани маблағ сарашро ба сад дар зада, кумак пурсида истодааст. Мо бояд фаромӯш накунем, ки сулҳу ваҳдат ва оромию тинҷии кишварамон бо баҳои ҷон ба даст омадааст, ки бо қадри он бояд бирасем ва аз ин хатар фарзандонамонро низ огоҳ бигардонем.

Маъмурбӣ Раҳимова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg