ЁВОН. Чанде қабл аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Чироғчии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бо иштироки як гурӯҳ занонону бонувони деҳа атрофи нақши занон дар пешбурди фарҳанги миллӣ суҳбат доир карда шуд.
Дар рафти суҳбат аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия М.Солиҳов бобати пос доштани фарҳанги миллӣ, тарғиби арзишҳои башарӣ, гиромӣ доштани фарҳанг ва расму оини ниёгон қайд карда шуд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки имрӯз маҳз занону бонувон метавонанд расму оин ва фарҳанги миллии ҳазорсолаи тоҷикро пос доранд ва бар зидди фарҳанги бегонапарастӣ мубориза намоянд. Маҳз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари ҳазорсолаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст. Аз ин рӯ, месазад, ки дар ҳар як нишасту вохӯриҳо, маҷлису ҷамъомадҳо бо истифода аз минбарҳои розу ниёз занону бонувонро ба арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги ғайр ҳидоят намоем.
Зимни баргузории вохӯрӣ чанде аз бонувони деҳаи Чироғчӣ Саидова Файзигул, Султонова Омина ва дигарон андешаронӣ намуда, таклифу пешниҳод ва эродҳои ибрознамудаи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда ҷавононро ба тарғиби фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят менамоянд.