КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғдиён-2” бо иштироки мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Умарҷон Саидов вохӯрӣ доир гардид.
Дар аснои вохӯрӣ аз ҷониби масъули ҳизбӣ қайд гардид, ки ҲХДТ бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.
Дар ин росто, дар ҷараёни вохӯрӣ ба довталабоне, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.