КӮЛОБ. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайванд” дидан намуд.
Зимни боздид аз раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр шинос шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи “Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ” ба роҳ монда шавад ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тибқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.