БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии “С. Сафаров” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ бо занони фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр вохӯрӣ доир гардид.

Дар аснои вохӯрӣ Мунаввараи Бозоралӣ қайд намуд, ки яке аз самтҳои асосии ҲХДТ - ро маҳз самти  кор бо занон ташкил медиҳад, масоили марбут ба ҳаёту фаъолияти занон дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дорад ва аз ин қишри ҷомеа ҳамчун неруи ташаббускор ном мебаранд.

Ҳамчунин, дар мавзӯҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, “Худкушӣ”,  “Даст задани ҷавонон ба амалҳои номатлуб, “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Сабабҳои пош хӯрдани оилаҳои ҷавон” ибрози андеша намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тибқи нақша - чорабиниҳо пайваста бо ҷалби фаъолон нишасту мулоқотҳо дар мавзӯъҳои мухталиф, ки масъалҳои рӯзмарраро фарогиранд, доир  гардида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg