БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ

Ҷ. БАЛХӢ. Самаранок истифода бурдани замин ва аз он ба даст овардани ҳосили дуюму сеюм яке аз роҳҳои таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо меваю сабзавот ба шумор рафта, ба ҷуз ин шаҳрвандоне, ки заминҳои наздиҳавлигии худро босамар истифода мебаранд, бо роҳи консервакунонӣ барои зимистонгузаронӣ захира месозанд.

Мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мунтазам сурат гирифта, ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулобод”-и Ҷамоати шаҳраки Балх баргузор гардид. Маъмулан зимни вохӯрӣ масъулин аз замини наздиҳавлигӣ дидан намуда, оид ба манфиатнок истифода бурдан, ба даст овардани ҳосили дуюми сеюм ва аз он захирасозӣ аз маҳсулоти бадастоварда суҳбат намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg