БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Риояи танзим омили зиндагии осоиштаи мардум аст

ВОСЕЪ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳаи Саъдуллои Шарифи ҷамоати деҳоти  Гулистони ноҳияи Восеъ баргузор гардид.

Дар он ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин шарҳу тавзеҳи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, ҳамзамон таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар ин деҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова  Шаҳноза иштирок намуда,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12майи соли 2018 маълумоти муфассал дода, сокинонро ба корҳои созандагиву ободонӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ даъват намуд. 

Инчунин, доир ба суханронии Раҷабова Шаҳноза раиси деҳаи номбурда Сафаров Бобоҷон фикру ақидаҳои худро баён намуд ва бо ҷонибдороии сокинон дар деҳа ташкилоти нави ибтидоӣ бо номи “Саъдуллои Шариф” таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg