ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон зери сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” рӯ ба инкишоф дорад. Ҳамаи ҳадафҳои стратегии кишвар зина ба зина амалӣ гашта истодааст. Натиҷаи мусбати амалишавии ин барномаҳост, ки зиндагии мардуми Тоҷикистон беҳтар гардида, айни замон халқ барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои ҷиддӣ дида истодааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, дар арсаи байналмилалӣ демократитарин қонун дониста шудааст. Ба фазои орому осуда ва бо боварии неку дилпурӣ ба оянда нигаристан ва кору зиндагӣ кардани мардуми Тоҷикистон маҳз Конститутсия ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мусоидат карда истодааст.
Чунин фаъолиятҳои пурсамари мардуми тоҷик зери роҳнамоиҳои Сарвари давлат аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои тинҷу осуда дар арсаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Ин гувоҳи он аст, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷаҳониён эътироф мекунанд.
Миллати тоҷик кашмакашиҳои ҳизбу ҳаракатҳои тундагаро ва ҷоҳхоҳро, ки ҳадафҳои пардапӯши худро зери ниқоби Ислому демократия пинҳон кардаву аз номи халқ сухан мегуфтанду миллатро бозичаи дасти худ намуда, ба ҷанги бародаркуш кашида буданд, он рӯзҳоро аз хотир фаромӯш накардааст.
Мо як миллатем ва як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Ба он нафароне, ки анҷумане ва ё гурӯҳҳои манфиатталаберо таъсис додаанд гуфтанием, ки мардуми Тоҷикистон дар тули истиқлолияти худ зиёд чунин ҳизбу ҳаркатҳо ва анҷуманҳое, ки аз номи халқ истифода мебурданд, диданд ва ҳеҷ яке аз онҳо ба миллати худ содиқ набуданд ҳамеша миллатро бо ду танга фурӯхтанду ба миллат хиёнат карданд. Миллати тоҷик дигар ба садоқати чунин хиёнаткорон бовар надорад. Агар аъзои чунин гурӯҳҳо худро озодандешу равшанфикр мешуморанд, пас, ба Ватан биёянд бо мо ҳамсаф шаванду якҷо барои ободию рушди иқтисодӣ ва сохтани ТОҶИКИСТОНИ БУЗУРГ кӯшиш кунем. На чизе дигар.
Ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ, ки барои қонеъгардонии хоҷгони хориҷии худ талошҳо доранд, бидонанд, ки мардуми Тоҷикистон ба ягон ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ё ҳеҷ гурӯҳи дигаре ки имрӯзҳо берун аз кишвар садо баланд месозанд, ниёзе надорад. Мо имрӯз дар гирди Пешвои худ муттаҳидем ва бо хиради азалии Сарвари давлатамон сари баланди худро ба мисли Парчами миллӣ боз ҳам баландтару баландатар мебардорем.
Шарифзода Гулрухсор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб