БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ, БАХУСУС МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Н.ХУСРАВ. Бо  мақсади   истиқболи  сазовори  30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, таъмини  рушди   устувори  иқтисодии  кишвар, тараққиёти   соҳаҳои   илму  маориф, тандурустӣ, инкишофи  нерӯи  инсонӣ  ва  беҳтар  намудани  сатҳу  сифати  зиндагии  мардум, ки  ҳадафҳои давлат ва  Ҳукумати  Точикистон мебошад,  бо  иштироки васеи раисони  ташкилотҳои  ибтидоӣ ҳизбӣ, роҳбарони  ташкилоту муассисаҳои  ноҳиявӣ, раисони  ҷамоатҳои  деҳот дар  Кохи  фарҳанги  ноҳия   конференсияи  илмӣ-  амалӣ дар    мавзӯи   «Рушди  соҳаҳои  иҷтимоӣ  бахусус маориф   ва  тандурустӣ дар  даврони  Истиқлолият» баргузор  гардид.

Раиси   Кумитаи  иҷроияи  Ализода Сурайё  Ҷӯра  дар  мавзӯи  «Рушди  соҳаҳои  маориф  ва  тандурустӣ дар  даврони  Истқлолият» маърӯза  намуд. Сипас,  оид ба  масъалаи  мазкур аъзои  гурӯҳи вакилии ҳизбӣ  дар  Мачлиси  вакилони  халқи  ноҳия,  директори  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №14 Остонақулова  Шоира баромад  намуд.

Муовини  соҳавии  раиси  ноҳия  узви  Кумитаи  иҷроияи дар  ноҳия Азимзода  Машҳура  Абдуманон  вобаста ба  дастовардҳои даврони  Истиқлолият, пешравиҳои  беназири  сохторҳои  илму   маориф ва  тандурустӣ тавассути  барномаҳои  давлатии       қабулгардидаи  соҳаҳо  дар  замони  истиқлолият дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  назди  ҳозирин  маърӯза   намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg