БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ РОҲНАМО

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифо» вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус бо кормандони соҳаи  тиб вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон нуктаҳои меҳварии Паёми навбатии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар ба самъи иштироккунандагон расонида, андешаҳои худро низ дар ин самт ироа намуд.  Мавсуф дар суҳбат қайд кард, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани савияи донишандӯзии наврасон ва иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, сарфаву сариштакорӣ дар самти истифодаи неруи барқ, хадафи 4-уми стратегии кишвар, яъне саноатикунонӣ, баланд бардоштани иктисодиёти мамлакат, пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Covid-19» ва дигар масъалаҳои муҳимро дар Паёми навбатӣ ироа намуданд, ки ҷиҳати амалӣ гардидани он, мо низ кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg