ПАНҶ. Варзиш гарави саломатӣ буда, дар баробари ин ба инсон руҳу илҳоми тоза бахшида, инчунин заминаи мусоидро барои дӯстиву рафоқат миёни наврасону ҷавонон муҳайё месозад. Шоҳмот яке аз намудҳои варзиш буда, нерӯи инсониро қувват мебахшад.
Тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамзамон, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб кардани наврасону ҷавонон як қатор чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ баргузор гардида истодаанд.
Чунин чорабинии варзишӣ дар риштаи шашкаю шоҳмот миёни духтарони муассисаҳои таълимии шаҳраки Панҷ баргузор гардид.
Дар оғоз Холов Диловар мусобиқаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиёни мусобиқа комёбиҳо орзу намуд.
Ин чорабинии варзишӣ миёни 6 дастаи духтарон дар толори варзишии муассисаи таълимии №2 доир мегардад.
Доварон ғолибонро аз рӯи холҳои ба даст овардаи бозигарон муайян намуда, онҳо бо туҳфаҳои хотирмон ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида мешаванд.