БОХТАР. Тибқи нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Баҳодур-С» бо иштироки номояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирӣ Исоев Фаррух вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ баргузор гардид.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба сухан баромада қайд намуд, ки саломатии одам ҳамчун нишондиҳандаи асосии инкишофи ҷамъият дониста мешавад. Бинобар ин саломатиро ҳамчун боигарии ҷамъият на танҳо мафҳуми иҷтимоӣ, балки экологӣ дида баромадан лозим аст.
Мувофиқи муаянкунии ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ саломатӣ ин беҳбудии вазъияти пурраи ҷисмони руҳӣ ва иҷтимоии одам дониста мешавад.
Аз нуқтаи назари иҷтимоиию иқтисодӣ саломатӣ ин меъёри маҷмуъи шароитҳо ва воситаҳои ҷисмонию маънавии ҷамъият барои барпокунии арзиши руҳӣ ва моддӣ тавсиф карда мешавад. Аммо психофизиология онро ҳамчун дараҷаи ҷисмонӣ ва фикри қобилияти кории одам маънидод мекунад.
Соҳаи тандурустӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола бахши муҳим ба ҳисоб меравад, зеро азму талоше, ки барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, рушди устувори иқтисодӣ ва рушди нерӯи инсонии кишварро таъмин менамояд.