НОРАК. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак барои пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст” гузаронида шуд.
Зимни ҷорабинӣ ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои таблиғотӣ дастрас гардида, таъкид карда шуданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода бурда, дар риояи масофаи иҷтимоӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ масъул бошанд.