БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ НАЗАРРАС АСТ

АНДЕША. Аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии занону бонувон ва масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар воқеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати – миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои фаъолияти кориашон мавқеи занро дар ҷомеа баланд бардошта, нисбати ин қишри ҷомеа аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намуд ва дар ҳама зинаҳои давлатдорӣ занон фаъолона дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд.

Мебинем, ки айёми истиқлолият бо занону духтарони тоҷик рӯҳу тавон, қудрат, назокату таровати тоза ато бинмудааст ва дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд.

Нақши зани тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа торафт баланд гаштааст. Андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби давлату Ҳукумат имконият дод, ки дар қатори ҷавонписарон шумораи ҷавондухтарон барои таҳсили илм дар макотибҳои олӣ зиёд гардад. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки зан- модари тоҷик як нерӯи бузурги созанда, тарбиятгари насли наврас, пешбарандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва мемонад.

Яъне, занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақш ва мавқеи басо муҳим доранд. Кадом проблемаи дорои моҳияти иҷтимоиро нагирад, ҳаллу фасли онҳоро бе иштироки фаъолонаи занон ва назардошти фикру андешаи онҳо тасаввур кардан душвор аст.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки сол то сол беҳтар гардидани вазъу шароити рӯзгору меҳнат, баланд рафтани мақому мартабаи зан дар ҷомеа, такомули дунёи маънавии онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, шинохти рисолати зан-модар, бақои умру номи неки инсон ва файзу баракати ҳама подоши ибтикору талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Аввалин иқдоме, ки дар солҳои душворӣ Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занону бонувон андешида шуда буд ин ҳам бошад аз 3 декабри соли №1999 №5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” мебошад. Баъд аз қабул шудани ин қонуни мазкур ва иқдоми саривақтӣ, садҳо барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва як қатор санадҳои меёрию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки дар ҳаёту фаъолияти  занону бонувон, нақши муҳим бозид.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки маҳз, дар давоми 30-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо занону бонувон  бисёр имкониятҳо дар ҳама самтҳои гуногуни хоҷагии халқ ба даст омад. Имрӯз метавон гуфт, ки соҳае нест то дар он занону бонувон кору фаъолият надошта бошанд.

Воқеан ҳам, имрӯз назар мекунем, занону бонувон нисбат ба солҳои пеш ба куллӣ фарқ доранд. Чи хеле ки мебинем, саҳми занону бонувон дар соҳаи илму маориф, кишоварзӣ,  тандурустӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа саҳми назаррас доранд.

Бояд гуфт, ки кор бо занон, танзими оила ва масъалаҳои гендерӣ ҳамчун самти муҳимми фаъолияти ҳизб доимо мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дорад. Имрӯз дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бахши кор бо занон амал мекунад. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб 61,6% аъзои ҳизбро дар шаҳр занон ташкил медиҳанд.

Дар мақомоти қонунгузор намояндагони занон-аъзои ҳизб: 3 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (60%), 16 нафар (40%) вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, 21 нафар (20,5%) вакили Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои деҳот мебошанд.

Инчунин, дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гурӯҳҳои таблиғотиву ташаббускор аз ҳисоби занони фаъол, собиқадорони меҳнат, мутахассисони соҳа ташкил гардида, мунтазам бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занону духтарон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд.

Метавон гуфт, имрӯз занҳо қувваи бузурге мебошанд, ки дар ҳама маврид омодаанд бо суханҳои воло ва андешаҳои созанда ба сангпардозиҳои хоинону ватанфурӯшон, ки аз хориҷи кишвар истодаву тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба анҷом мерасонанд, посухҳои саривақтӣ гардонанд.

Дар пеш моро маъракаи бузурги таърихӣ, аз ҷумла 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш ба харҷ медиҳад, ки ин ҷашнвораи бузурги миллатро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

Бигузор ин Истиқлолияти бузурги давлатиамон ҳамеша зери сиёсати хирадмандони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷовидона ба ин халқу миллат боқи монад.

Мо занону бонувон минбаъд низ ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намуда, кӯшиш менамоем, ки бо азму иродаи қавӣ ва масъулиятшиносӣ, ки роҳбарияти олии ҲХДТ бовар доранд, дар пешрафти Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

Мунаввараи Бозоралӣ,  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg