ҚУБОДИЁН. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, (COVID-19),ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Ҷумъаев Алиҷон бо аҳолии маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Қубодиён иштирок дошта, роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маълумот доданд.
Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба пешгирии беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои он ва маҳал қатъиян риоя карда шавад.
Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани бемории коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои ҳифзкунанда тақсим карда шуданд.