ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Панҷ бо ҷалби аъзои ҳизб, омӯзгорон, падару модарон деворҳои гирду атрофи муассиса рангубор карда шуда, пурра дохили синфхонаҳо аз таъмири босифат бароварда шуд ва барои таҳсили хонандагон дар синфхонаҳои барҳаво шароити мусоидат фароҳам оварда шуд.