ПАНҶ. Субҳи дирўз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи “20 солагии Истиқлолият”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бар зидди паҳншавии пандемияи COVID-19 аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо маводҳои безараргардонӣ, аз қабили ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирӣ, аз паҳншавии бемории сироятӣ- коронавирус Covid-19 дастрас карда шуд.