Н.ХУСРАВ. Бо мақскади ба сокинон фаҳмонидани роҳҳои пешгирии сироятёбӣ аз вируси КОВИД-19 масъулини Кумитаи иҷроия аксияҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотиро дар байни сокинони деҳот ҳамарӯза роҳандозӣ намуда истодаанд.
Ин навбат масъулин дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо иштироки кормандони соҳаи тиб бо усули «хона ба хона» ташриф оварда, аз паёмадҳои вазнини коронавирус ёдовар намуда, таъкид карданд, ки риояи қоидаҳои беҳдошти санитариро дар хонадонаш ба роҳ монда, шустани дастон бо собун ва маводҳои антсептикиро фаромӯш насозанд.