ШАҲРИТУС. Аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар толори Китобхонаи марказӣ, ташкилоти ибтидоии «Шуъбаи фарҳанг» бо иштироки кормандони фаъолии ташкилоти ибтидоӣ соати сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар маҷлис масъулин оид ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, муқовимат нишон додан бар зидди гурӯҳҳои террористию – экстремистӣ, пешгири аз бемориҳои сироятӣ ва вакиснагузаронӣ бар зидди бемории коронавирус сухан гуфта, ба кормандони Китобхонаи марказӣ Муроҷиатномаи ҲХДТ бар зидди бемории коронавирус дастрас карданд.