КӮЛОБ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхиси тиббӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот доир карда шуд.
Нахуст, дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ташхиси тиббӣ” Қурбонов Исмоил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад, Фирӯзи Саидмӯъмин изҳор кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намудаанд “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб равад ҳам, аммо ин ишораи Пешвои миллат ба аҳли ҷомеа ҳидоятгару роҳнамо буда, вазифаи моро дар роҳи мубориза бо ин амали нангин муайяну мушаххас мекунад.
Дар охир муҳим арзёбӣ гардид, ки роҳандозӣ намудани чорабиниҳо ва ташкили чунин суҳбату вохӯриҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар миёни шаҳрвандон ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода ба ҳисоб меравад.