БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ омили муайянкунандаи ҷойгоҳи мо дар ҷаҳони муосир

А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ташкилотҳои ҳизбии қаламрави ноҳия барои амалӣ кардани сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои мавҷуда ва кӯшишу ғайраташонро сафарбар карда истодаанд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов бо  сокинони деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Дӯстӣ вохӯрӣ баргузор намуда изҳор доштанд, ки пеш аз ҳама мақсади ташрифи гурӯҳи кории ҳизбӣ дидорбинӣ  буда,  дар  баробари ин дастуру супоришҳое, ки  аз  мақомотҳои болоии ҳизбианд  ба  Шумо расонидану дар якҷоягӣ  аз  паи татбиқи  он  шудан мебошад.

Ҳамчунон мавсуф ибрози ақида намуда, зикр кард, ки дар воқеъ, Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷомеа ва дар алоҳидагӣ, барои ҳар яки мо роҳнамоест дар самти созандагиву бунёдкорӣ ва бо инобати ин Пешвои миллатамон, соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон доштанд.

Дар охир мардуми деҳа дар навбати худ итминон доданд, ки таҳти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва он нуктаҳое, ки дар Паём зикр гардид, барои рушди соҳа саами арзанда мегузоранд.

Бояд қайд кард, ки бо ин мақсад тибқи ҷадвали тасдиқгардида, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  кариб ҳарӯз бо сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯриҳою мулоқотҳои судмандро баргузор менамоянд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg