БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАССИСАБОЗӢ РОҲИ БАРГАШТИ ШУМО БА ВАТАН НЕСТ

ВОКУНИШ. ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом аз ҷумлаи гурӯҳҳои махсусан ташкилшудаест, ки мақсадаш сарнагун сохтани ҳукумати конститутсионӣ ва роҳандозӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ мебошад. Ин ташкилот аз рӯзҳои аввали ба майдони сиёсат омаданаш  ба ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик он қадар садама расонид, ки асараш то ҳанӯз дар қалби ҳар тоҷику тоҷикистонӣ боқист.

Иғвогарию шӯрандозӣ тафриқаангезию гурӯҳбозӣ аз хислатҳои барои аъзои ин ташкилот хос аст, ки то ҳанӯз барои сиёҳ кардани ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти он равона мегардад. Бадтарин аъмоле, ки онҳо даст заданд, кор гирифтан аз эътиқоди динии мардум буд. Паси пардаи дини мубини ислом мехостанд халқро барои ҳамеша ғулому мутеи хоҷагони хориҷии худ гардонанд. Мағзи кундфаҳми онҳо ба фаҳму дарки он намерафт, ки аз даст додани Истиқлолият, озодӣ ва ҳуввияти миллӣ чӣ маъно дорад. Мебоист қисмати талхи халқи афғон, ки саркардагону тарҳбандони ин ҳизб рафтуомади зич бо ин давлати ҷангзада доштанд, дарси ибрат бошад. Аммо на. Ҷойи ин қисме аз мардуми тоҷикро таҳрик ба гуреза шуда дар сарзамини ин давлати он замон низ сахт ноором паноҳ бурдан доданд ва бо ин кирдори ноҷавонмардонаи худ боиси аз ҷониби гурӯҳҳои силоҳбадасти он тарафи дарё ба азобу уқубати зиёд гирифтор шудани қисме аз гурезагон ва ба марг расидани қисме аз онҳо гардиданд. Суоли он, ки чаро маҳз ба Афғонистон? Чаро ба дигар ҳамсоякишварҳо на? Ва ба ин монанд ҳанӯз зиёданд пурсишҳое, ки то ҳанӯз ҳеҷ кадом аз аъзо ва саркардагони ин ҳизби косалес ҷавоб дода наметавонанд.

Шояд хуб дарк мекарданд пайомади аъмоли нопоки худро, аммо ҳирси молу пул ва сарвату давлат чашми онҳоро кӯр карда буд. Оре, танҳо қудратхоҳиву ҷоҳталабӣ метавонад далели ноҷавонмардиву ватанфурӯшии аъзои ин гурӯҳи террористию экстремистӣ бошад. Бо гузашти чанд сол аъмоли ношоистаи онҳо дигар барои ҳар фарди тоҷик ошкор гардиду барои аъзои фаъоли ин ҳизби нопок ҳеҷ чорае ба ҷузъ тарки Ватан кардан намонд. Имрӯз ҳарчанд дасти онҳо барои кордор шудан ба сиёсати давлату ҳукумати мо намерасад, вале ҳамоно бо ҳамон феълу хуи рубоҳонае, ки доштанд талош доранд, то ки бо иғвогариву дурӯғбофиҳо обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ паст зананд.

Назари ман чун тамоми мардуми рушанфикри тоҷик дар бораи аз ҷониби баъзе ташкилотҳои байналмиллалӣ дастгирӣ ёфтан ва минбари сухан пайдо кардани аъзои ТТЭ ҲНИ ба мисли Кабириву Шерзамонов, Темур Варқӣ ва дигарон манфист. Он ҳақношисони кӯрнамакро, ки бо ин суръат пешрафт кардани Тоҷикистонро нодида мегиранд, замоне пушаймонӣ думболагир хоҳад буд. Муроҷиати ман ба онҳо ин аст: Бо вуҷуди ин қадар бадкориҳову хиёнатҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан бо супориши Пешвои муаззами тоҷикон, Президенти маҳбуби халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳар нафар аъзои ин ҳизб, ки аз кирдори ношоями худ пушаймон шуда, хоҳиши ба Ватан баргаштан мекунад, авф карда мешавад. Анна, ҳамин гуна хислатҳои инсондӯстонаву наҷибонаанд, ки ватандори асил, инсони комил, пуштибони мазҳаб ва забону миллатро аз дигарон фарқ мегузорад. Андеша кунед сари ин гуфтаҳо. Ба худ оед. Хатоҳои худро эътироф кунед. Ҳеҷ кадом ташкилот, ҳеҷ иттиҳоди дурӯғин, ҳеҷ дассисабозӣ роҳи баргашти шумо ба Ватан нест ва нахоҳад буд.

Суҳроб Валиев, мудири  шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg