БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни маҳаллаҳи “Гулистон” ва “Хуррамдеҳ” бозии футбол баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, устодони варзиш ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и маҳаллаҳои мазкур ширкат варзиданд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр пеш аз оғози мусобиқа ба иштироккунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба гирифтани пеши роҳи нашъамандӣ, тамокукашӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, ки дар бисёр маврид фарзандон аз падару модарон пинҳонӣ ба ин кор даст мезананд ва оқибат ба ҷинояткорӣ оварда мерасонад, ибрози андеша намуданд. Инчунин, оид ба пешгирӣ намудан аз ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили сӯиқасд ба ҷони худ, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва ҷинояткорӣ, ҷавононро таъкид намуда, хотиррасон карданд, ки аксарияти падару модарон аз ҳолу аҳволи фарзандон бохабар нестанд, хуб мешуд робитаро бо варзиш мустаҳкам намоянд то ин, ки ҷавонон дар вақтҳои холигии худ ба варзиш машғул гашта, аз ҳар гуна корҳои нораво ва амалҳои номатлуб худдорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg