Нурест ба дидагони мо Истиқлол,
Зӯре ба тану равони мо Истиқлол,
Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,
Пайвандгари ҷаҳони мо Истиқлол.
АНДЕША. 9-уми сентиябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентиябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас масҳуб мешавад.
Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшида ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳдо сохт. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо мирӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд. Воқеан дар баробари дигар муқаддасот Истиқлолият низ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид. Имсол Истиқлолияти кишвари мо 30- сола мегардад, ки чун ҷавони матину устувор сӯйи фардои дурахшон равон асту моро ҳам бо худ бурда истодааст. Ин неъмати бузург бо пайки хушу нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст. Моро лозим аст, то пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем. Ҷавонон, ки қишри ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд, дар замони соҳибистиқлолӣ ҳама чун як тану як ҷон пайи илму донишандузӣ имрӯзҳо ҳар яке дар самти хеш муваффақанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолият баҳри илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардид. Ин аст, ки ҷавонон имрӯз ҷиҳати аз бар намудани илму донишҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи замон дар донишгоҳу донишкадаҳо олии кишвар таҳсил намуда, бархеи дигар дар муасисаву донишкадаҳои бонуфузи кишварҳои хориҷ таҳсили илм менамоянд. Ҷавонони мо имрӯз дарк намуданд, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои наку, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар маҳз танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад.
Истиқлолияти Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ аст ва ояндаи дурахшони миллат аз ин ганҷина вобастагии калон дорад. Замоне буд, ки миллати тоҷик дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт. Бо амри таърих 30- сол мешавад, ки Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф менамоянд. Ин саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат бо оби тилло сабт мегарданд. Имрӯз кишвари мо роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлат демократӣ мебошанд, таваҷҷуҳ менамояд. Бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар байналмилалӣ боло рафта, имрӯз кишвари моро чун шарики стратегӣ мешиносанду ҳамкорӣ менамоянд. Аз ин рӯ, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки баҳри боз ҳам рушд ёфтани кишвари азизамон ва боло рафтани мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ саъю талош намоем. Барои амалигардонии ин моро лозим аст, ки дар соҳаи хеш фаъолиятамонро самаранок ба роҳ монем.
Низора Каниева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант