БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ ХАЙРХОҲОНА ДАР ОБОДОНИИ ВАТАН БОИСИ ИФТИХОР АСТ

Н.ХУСРАВ. Бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия  ва  дастгирии  сокинон  амалҳои  созанда  ва   ободкориҳо  бахшида  ба   истиқболи  сазовори  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  маром  идома  доранд. 

Масъулини  Кумитаи  иҷроия  бо  мақсади  беҳтар  намудани  шароити  рафту  омад  ва наздик  шудани  роҳи сокинони  деҳаи  Гулзори  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  месозем!»  баргузор  намуда, як  кӯпрӯки  замонавӣ   бо  дарозии  10   метр  ва  паҳноии  4  метр бунёд  намуданд.     Дар  бунёди  ин пул  саҳми  сокини  деҳа,  аъзои  фаъоли  ҳизб   Хуҷамуродова Турдихол, ки  аз  пасандозҳои  барои  зиёрати  Ҳаҷ ҷамъоварӣ намуда буд,  ба  маблағи  15  ҳазор  сомонӣ  пардохт  намуд.  Дар ташкилу бунёди  пул раиси  маҳалла  Кучкинов  Саидмурод  саҳми  босазо  гузошт. Аъзо  ҷонибдорони    ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ  дар   деҳа  тасмим  гирифтанд, ки  барои  беҳтар намудани  шароити  зиндагӣ  ва наздик  шудани  роҳашон  боз  як  пули  дигар   бунёд  кунанд.

Ташаббусҳои созандаи  мо ҳизбиён  доимо аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфта истодаанд, зеро ҳамаи онҳо созанда буда, баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg