ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаи Борбади маркази шаҳр, бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус бо истиқоматкунандагон доир гардид.
Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр зимни суханронӣ қайд карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, то ки дар кишвари мо он паҳн нагардад ва ба мардум сироят накунад. Мо низ бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ба масъалаи ҳифзи саломатии худ эътибори аввалиндараҷа диҳем, ҳамкории хешро бо Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти вазъи ҷомеа ва пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ дареғ надорем.
Дар ин маврид масъулин дар суҳбат бо сокинон захира намудани маҳсулотҳои ғизоӣ ва ҳангоми берун баромадан аз хона истифода намудани ниқобҳои муҳофизатиро таъкид намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус барои маълумоти бештар гирифтан, дастрас намуданд.