ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар толори Шуъбаи агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Левакант бо иштироки котибон ва шахсони масъули ташкилотҳои ибтидоӣ, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корӣ, семинар – машварат доир намуд.
Дар семинари омӯзиши мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи шаҳрӣ Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита Низора Каниева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории семинари мазкур тақвият бахшидан ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, баланд бардоштани савияи дониши роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоӣ, инчунин ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва робита бо Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ мебошад.