КӮЛОБ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода ва Мунаввараи Бозоралӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сафобахш” вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ Гулрухсор Шарифзода изҳор дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим даровардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳ хараҷотҳои зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, равона шудааст.
Ҳамзамон қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз зумраи ҳуҷҷатҳои муҳиме мебошад, ки хусусият ва моҳияти бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии фарзандон масъулияти волидайнро баланд мегардонад.
Инчунин, аз ҷониби ҳозирин вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла, хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, худкушӣ, куштор ва даст задан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб, ибрози андеша намуданд.