БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БЕҲ АЗ ТАБОБАТ

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии намуди коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Ишмурод Ниёзов дар Ҷамоати деҳоти  ба номи И. Ниёзов дар деҳаҳои ҷамоат корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти И Ниёзов Шарифзода  Муҳаммад  бо аҳолии деҳаҳои Зиракӣ    вохӯрда, роҳҳои гузариши бемории коронавирус COVID-19  ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маълумот доданд. Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ  ба пешгирӣ намудани беморӣ, яъне риояи гигиенаи шахсӣ зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои он ва маҳал қатъиян риоя карда шавад.

Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани бемории коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо тақсим карда шуданд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg