АНДЕША. Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол чун як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи чаҳонӣ ҳисобида шуда, зиёда аз 150 давлати дунё бо кишвари мо робитаҳои кориро барқарор карданд. Истиқлолият яке аз рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии онро зиндагии пурсаодат, ҳуввияти миллӣ, таҳкими ваҳдату якпорчагии Ватан ташкил медиҳад.
Дар охири асри ХХ миллати тоҷик соҳиби давлати мустақили миллӣ шуд, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон 30 -солагии онро ҳамчун ҷашни миллии хеш таҷлил менамоем.
Истиқлолият, ҳақиқатан ҳам неъмати бебаҳои таърих ба мардуми тоҷик аст, ки баъди ҳазорсолаҳо боз соҳиби давлатдории хеш гардид. Истиқлолият бузургтарин ва муқаддастарин муваффақияти давлату давлатдории халқи тоҷик дар охири асри бистум мебошад, ки пас аз пошхӯрии иттиҳоди шӯравӣ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо вуҷуди беадолатиҳои марзӣ, ҳамчун шакли давлатдории мутаммадину пешрафта ташкил ва ташаккул ёфта, ба камол расид.
Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Истиқлолияти комили Тоҷикистон мебоист масъулияти ҳамватанони моро баҳри истеҳком бахшидани пояҳову рукнҳои давлати соҳибихтиёр меафзуд. Мутаасифона, дар Тоҷикистон дар ҳамин давраи ҳассос қувваҳои сиёсие пайдо шуданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифта, ҳадафҳои худхоҳонаву ғарзноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, давлатӣ боло гузошта, Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби талошҳои сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомониҳо кашиданд. Ин амалҳои нопоку фоҷиаҳои ангехтаашон рушди ҷомеаи тоҷиконро ба даҳсолаҳо ақиб партофт.
Хушбахтона, пеши ин фоҷиаро Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд (16. 11.1992) гирифт, ки дар асл оғози наҷоти истиқлолияти Ватан буд.
Дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат дар тақдири миллати тоҷик фоли нек гардид. Ин сана дар дар саҳифаи заррини таърихи миллат хотирмон гардид. Дар ҳамин иҷлосия суханони Сарвари нави Тоҷикистон садо доданд : “ Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард”, “Мо бо ҳам ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем”,” Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам”, “То охирин тоҷики гуреза ба Ватан барнагардад ман худро осуда ҳис намекунам”. Ҳамаи ин вазифаҳо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иҷро шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсатмадори варзида дар ин марҳила кори бузургеро ба анҷом расонид.
Рафти воқеаҳои сиёсӣ ва ҳаёт ҳақ будани роҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро исбот карданд. Дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз талошҳои хастанопазири Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Бо талошҳои Ҳукумати мамалакат хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 нафар кӯдакону наврасон аз давлати Ироқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд. Кӯдаконе, ки баргардонида шуданд, падару модарони онҳо, ки аксарият ҷавононро ташкил медиҳанд, бо ақидаҳои бардурӯғ ва муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ дода шуда, ҳам худ ва ҳам зану фарзандонашорно ба азобу шиканҷа гирифтор намуда барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундгаро , махсусан ДИИШ аз 15 то ҳабси якумра зиндонӣ шуданд. Ташаббуси бозгардонидани ин кӯдакон метавон гуфт, ки иқдоми миллатдӯстонаву инсондӯстонаи Пешвои миллат танҳо ба манфиати халқу Ватан равона мегардад.
Миллати сарбаланди мо, ҳамчун миллати соҳибтамаддуну фарҳангофар, ҳеҷ гоҳ ба тӯҳмату буҳтонҳо, сиёҳкуниҳои бепояи ин тоифаи ватанфурӯшу миллаткуш бовар надорад ва онҳоро қабул ҳам намекунад ва хатову иштибоҳи гузаштаро ҳеҷ гоҳ такрор намекунанд.
Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқияти олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳуввияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Аз ҳама бузургтарин муваффақияти халқи тоҷик дар солҳои истиқлолият-неъмати таърихӣ, бешубҳа барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст ва вазифаи ҷонии мо ҳар як сокини ин кишвар чун гавҳараки чашм пос доштани ин неъмати бебаҳост. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ саъю талош намоем. Зеро ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ, сулҳу суботу оромии кишвари моро намехоҳанд ва ба ҳар восита кӯшиш карда истодаанд, ки амнияти ҷомеаро халалдор созанд. Мо ҳар як фарди ватандӯсту соҳибватан ҳеҷ гоҳ намегузорем сулҳу субот, амнияту оромии Ватанаморо парешон намоянд. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягдигарфаҳмӣ бо ниятҳои неку созанда ба ободкориҳо машғул шуда, зери сиёсати сулҳпарваронаву инсодӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, барои рушду пешрафти Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бандем.
Кабирова Раҷабмоҳ, узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав